Қарор аст кобинаи амнияти Исроил рӯзи ҷумъа барои раъйдиҳӣ дар бораи ин созиш ҷаласа баргузор кунад. Дафтари нахуствазири Исроил субҳи 17-уми январ ин хабарро тасдиқ кард.
Хабари имзои созиши оташбас аз сӯи тарафҳои даргир дар Ғазза дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи гузашта сарвазири Исроил гурӯҳи “Ҳамос”-ро муттаҳам кард, ки баъзе аз бандҳои созиши оташбасро дар Навори Ғазза напазируфта, қабули онро аз сӯйи ҳукумати Исроил низ ба таъхир андохтааст.
Мувофиқатномаи оташбас дар Ғазза рӯзи 15-уми январ аз сӯи нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар эълон шуд ва он аз рӯзи 19-уми январ ба ҳолати иҷро медарояд. Ин созиш, ки пас аз ҳафтаҳо музокироти сахт дар пойтахти Қатар ба даст омад, озодии даҳҳо гаравгон аз дасти "Ҳамос"-ро дар чанд марҳила дар назар дорад ва ҳамчунин шомили озодии садҳо зиндонии фаластинӣ дар Исроил, хоҳад буд.
Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Пас аз ҳамлаи "Ҳамос", ки 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт, Исроил ба Ғазза юриш бурд.
Ба гуфтаи мақомоти Ғазза, дар ин ҷанг беш аз 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон мебошанд.