Трамп, ки 9 январ дар қароргоҳаш дар Мар-а-Лагои Флорида бо раҳбарони ҷумҳурихоҳи иёлоти мухталифи Амрико сӯҳбат мекард, гуфт, “мо бояд ба ин ҷанг хотима диҳем”.
Ӯ гуфт, то замони шурӯи расмии кораш 20 январ аз додани ҷузъиёт худдорӣ мекунад. Дар Кремл ҳанӯз ин изҳоротро шарҳ надодаанд. Аз ин пеш сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Путин хоҳиши Трампро барои барпо кардани робитаҳо дастгирӣ мекунад, вале ҳанӯз ҳеҷ дархости расмие ба Кремл ворид нашудааст.
Трамп, ки дар мулоқоти қаблиаш бо журналистон гуфта буд, дар сурати президент шуданаш ҷангро дар Украина дар 24 соат хотима медиҳад, вақтҳои охир дигар аз гуфтани мӯҳлатҳои мушаххас худдорӣ карда, дар яке аз нишастҳои матбуотии 7 январаш гуфт, умедвор аст амалиёти ҷангӣ байни ду кишвар дар ним сол хотима дода мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Намояндаи Трамп гуфт, ӯ қасди гузашт ба Русияро надорадТрамп гуфт, тасмим дорад ҷанги Украинаро "ҳаллу фасл" кунад