Дар Русия ҳодисаи заҳролудшавии даҳҳо кас аз ғизо таҳқиқ мешавад

Дар шаҳри Перми Русия ба камиаш 82 нафар аз хӯрдани маҳсулоти корхонаи “Хлебнитса” заҳролуд шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 10 январ Baza хабар дода гуфтааст, ки даҳҳо нафар бистарӣ шудаанд.

Шикоят аз заҳролудшавии сокинон аз 29 декабр ба ин тараф расонаӣ мешавад. Чил бемор бо ташхиси энтерит ва 21 нафар бо салмонелоз табобат мегиранд.

Кумитаи тафтишот аз рӯи моддаи хидматрасоние, ки ҷавобгӯи бехатарӣ нест, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои таҳияи ғизои умумӣ дар Русия дар гузашта ҳам сабт шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар як боғчаи Қазоқистон беш аз 30 кудак заҳролуд шудаастБоздошти се пизишк баъди заҳролудшавии кӯдакон  "Гуфтанд, шароб фурӯшу кор кун." Дар Узбекистон ошхонаҳои "ҳалол"-ро мебанданд