Сухангӯи Вазорати корҳои изтирории Узбекистон Мурод Содиқов рӯзи 9 январ ба ТАСС гуфтааст, ки ҳодиса дар ағбаи Қамчиқи воқеъ дар қитъаи шоҳроҳи Тошканд-Андиҷон-Ӯш рӯй додааст.
Ба гуфтаи Содиқов, ду сокини ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ба нуқтаи баланди ағба, ки он ҷо макони нигаҳдории васоили техникӣ мебошад, баромаданд ва яке аз онҳо хост акси селфӣ гирад. Ногаҳон пояш лағжид ва вақти ба поён сарозер шудан, бо дасташ нафари ҳамроҳашро бо худ кашид.
Ҳарду ба як чуқурии азими пурбарфе афтоданд. Ходимони ёрии изтирорӣ, ки ба гуфтаи Содиқов, зуд расида омаданд, ҷасади ин ду мардро пайдо карданд.
Ағбаи Қамчиқ дар баландии беш аз 2 ҳазор метр дар шарқи Узбекистон наздик ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгир аст. Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам чанд ҳодисаи марг дар паи талоши гирифтани акси селфӣ дар баландиҳои хатарнок сабт шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ошиқони selfie дар Тоҷикистон. Дар лаби дарё, болои кӯҳ... ВИДЕООхирин "selfie" дар Сурхоб: Лаҳзаи марги духтарҳо дар навори видеоӣ Нишонаи бенишон. То ҳол ҷасади духтари ғарқшударо наёфтаанд