Президенти Эрон 14-уми январ ба Душанбе сафар мекунад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 14-уми январ бо сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Қарор аст, боздиди Пизишкиён аз Тоҷикистон то 16-уми январ идома кунад. Ин нукта дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки Радиои Озодӣ 10-уми январ бо он шинос шуд.

Дар санад ҷузъиёти сафари президенти Эрон наомадааст. Танҳо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президент муваззаф шудаанд, ки тадорукоти ин сафарро анҷом диҳанд.

Ин аввалин бор аст, ки Масъуд Пизишкиён ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон доир шавад.

Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли ахир робитаи печидае доштанд. Муносибати Эрону Тоҷикистон дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои пуштибонӣ аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карда буданд.

Наздикии Тоҷикистон ва Эрон соли 2019 пас аз имзо шудани протокол дар бораи ҳамкорӣ дигарбора шурӯъ шуд.