Гузоришҳо аз кушта шудани "садҳо сарбоз"-и Кореяи Шимолӣ дар Курск

Садҳо сарбози Кореяи Шимолӣ дар вилояти Курск кушта ё захмӣ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ва рӯзномаи The New York Times бо такя ба мақомҳои баландпояи Пентагон хабар доданд.

Ин аввалин баҳодиҳӣ ба талафоти низомиёни Кореяи Шимолӣ аст, ки аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷанганд. Ҳамсуҳбатони ду расона омори дақиқи талафоти сарбозони Кореяро зикр накардаанд, аммо гуфтаанд, талафоти онҳо хеле зиёд аст, чун таҷрибаи ҷангӣ надоранд.

Ба иттилои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, неруҳои заминии Кореяи Шимолӣ ҳам бо артиши Русия ва ҳам ҷудогона меҷанганд. Қаблан Вазорати дифои Амрико ва Кохи Сафед аз кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ хабар дода буданд, аммо ҷузъиёт надоданд.

Ба иттилои хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Русия рӯзона то 1200 сарбозро дар ҷанг алайҳи Украина аз даст медиҳад ва то ҳол натавонистаанд ин талафотро ҷуброн кунад.

Ба иттилои хадамотҳои истихборотии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, моҳи октябри имсол аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи шимолӣ ба вилояти Курски Русия фиристода шудаанд.