Исроил сафорати худро дар Ирландия баст

Исроил сафорати худро дар шаҳри Дублин, пойтахти Ирландия баст.

Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, сафорати ин кишвар бо сабаби "иқдомҳои зиддияҳуди"-и Ирландия баста мешавад. Саар гуфт, Ирландия дар равобит бо Исроил “ҳама хатҳои сурхро гузашт.”

Моҳи майи имсол Ирландия ҳамроҳ бо Испания ва Норвегия истиқлолияти Фаластинро расман эътироф кард. Ин тасмими се кишвари аврупоӣ норозигии Исроилро дар пай дошт.

Инчунин ҳафтаи гузашта Ирландия ба давъо дар бораи наслкушии Исроил дар Навори Ғазза ҳамроҳ шуд.

Африқои Ҷанубӣ аз болои Исроил ба Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милал даъво карда, Тел-Авивро ба наслкушии фаластиниҳо дар Ғазза муттаҳам кард. Исроил ин даъворо рад кард. Додгоҳи Гаага ин даъворо барои муҳокима қабул кард, аммо баррасии он метавонад солҳо тӯл кашад.