Чаро дар бадани делфинҳо маводи нашъа ошкор шуд?

Донишмандони Техас дар бофтаҳои делфинҳои Халиҷи Мексика чанд намуд маводи дорувор, аз ҷумла нашъаро ошкор кардаанд.

Бо муаллифони ин таҳқиқот шабакаи телевизионии ABCNews ҳамсӯҳбат шуд. Донишмандон мегӯянд, ки намунаҳои равғани зери пӯсти 83 делфини зиндаву шаш делфини мурда санҷида шуд ва ҳадди аққал дар бофтаҳои сӣ делфил яке аз маводҳои дорувори мисли фентанил, миорелаксант ва транквилизатор ошкор шудааст.

Ҳамин намуди дорувор дар соли 2013 ҳам ба даст омада буд ва, ба гуфтаи олимон, ин маънои онро дорад, ки як мушкили дерина то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Фентанил як намуди маводи мухаддир аст, ки онро дар бадани 24 делфин пайдо кардаанд.

Донишмандон мегӯянд, делфинҳо об намехӯранд ва маводи дорувор дар моҳӣ ва ҷонварҳои бесутунмӯҳраи дарёии дигаре вуҷуд доштааст, ки делфинҳо онҳоро истеъмол мекунанд. Эҳтимолан маводи нашъаоварро ё киштисаворон ба об партофтаанд ваё ин мавод бо роҳи оби корез ва обҳои кишоварзӣ ба хариҷ роҳ ёфтааст.

Таъсири дарозмуддати маводи мухаддир ба бадани ҷонварҳои обӣ пурра омӯхта нашудааст. Вале делфинҳо хусусияти нодире доранд, ки аз рӯи чарби зери пӯсти онҳо мешавад вазъи сиҳҳатии тамоми муҳити зисти зериобиро баҳогузорӣ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марги ғозе аз як бемории хатарнок барои инсон сабаби бастани боғи вуҳуш шуд"Хушку тар месӯзад". Ба ҷангалҳои як замон сарсабзи Украина чӣ шуд?Сагҳои Бохтар чӣ гуноҳ кардаанд, ки онҳоро мекушанд? Ҳуқуқи сагҳои бесоҳиби Кӯлобро кӣ ҳимоят мекунад?