Натиҷаҳои интихоботи Руминияро баъди эҳтимоли дахолати Маскав бекор карданд

Додгоҳи конститутсионии Руминия  натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки  дар давраи аввалаш як номзади ростгарои дӯсти Маскав баранда гардид, бекор намуд.

Қарори додгоҳ 6 декабр баъди изҳороти додситонҳои Руминия содир шуд, ки гуфтанд, дар ҷараёни овоздиҳӣ ҷиноятҳои компютерие содир шудааст, ки ба дахолати Русия ба интихобот ишора мекунанд.

Дар интихобот ногаҳон барои ҳама номзади ростгаро Келин Ҷорҷеску баранда гардид. Феълан маълум нест, ки оё бо бекор шудани натиҷаҳо иштироки номзадҳо дар интихоботи нав чӣ гуна сурат мегирад ва то куҷо Ҷорҷеску барои мубориза барои курсии аввал роҳ дода мешавад ё на.

Дар остонаи даври аввали овоздиҳӣ номзад Диана Шошоакэ барои таблиғи ифротгароӣ ва дидгоҳҳои зиддияҳудӣ аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум шуд. Додгоҳи конститусионии Руминия рӯзи ҷумъа гуфт, ки санаи баргузории интихоботи навро ҳукумат бояд эълон кунад.

Президенти амалкунанда Клаус Йоҳаннис, ки мӯҳлати раҳбариаш 21 декабр ба анҷом мерасад, гуфт, то замони маълум шудани президенти нав дар сари кор мемонад. Ғалабаи ногаҳонии Ҷорҷеску ҳолати шокро дар ҷомеаи Руминия эҷод кард ва Шӯрои олии дифои миллии Руминия баъди таҳқиқке гуфт, ошкор намудааст, ки дар ҷараёни интихобот бо истифода аз шабакаи TikTok як ҳамлаи густурда ва ҳамаҷонибаи интернетӣ аз ҷониби Маскав сурат гирифт ва ба ҷараён ва натиҷаҳои интихобот таъсиргузор шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мая Санду: Мубориза бо коррупсия аз пешгирии пулҳои ифлос дар интихобот сар мешавад. ВИДЕО Дар авҷи зиддиятҳо бо Ғарб, Путин дар паёмаш аз "иғвогариҳо"-и хориҷӣ ҳушдор дод33 русиягӣ дар ноором кардани Беларус айбдор мешаванд