Ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба Керчи ишғолшуда

Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд.

Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд. Дар шаҳр садоҳои таркиш шунида шудааст. Телеграм-канали "Крымский ветер" гуфт, таркишҳо дар маҳалли ҷойгиршавии корхонаи киштисозии «Залив» мушоҳида шудааст.

Хонандагони сомонаи Крым.Реалии таркишҳо дар Керчро тасдиқ карда гуфтанд, ки садои се таркишро бо фосилаи 10-20 дақиқа шуниданд. Вазорати мудофеаи Русия гуфт, ки шаби 6-уми декабр нирӯҳои зиддиҳавоӣ дар фазои Қрим як паҳподи украиниро нобуд карданд. Ба илова, дар фазои Баҳри Сиёҳ ду паҳподи баҳрӣ ҳам хунсо карда шуааст.

Ин хабарро ҷониби украинӣ ҳанӯз шарҳ надодааст. Русия гуфт, ки дар давоми шаби гузашта нирӯҳои зиддиҳавоӣ 33 паҳпод, аз ҷумла 14-тоашро дар фазои вилояти Воронеж, 11-тоашро дар фазои Курск ва 7 ададашро дар фазои вилояти Белгород нобуд кардаанд.

Мақомоти Воронеж гуфтанд, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст, мақомоти вилоятҳои дигар хабарро шарҳ намедиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Украина ба зидди мансабдорони гурҷӣ таҳрим ҷорӣ кард"Комилан беинсофист." Муҳокимаи як сарбози Русия дар ДушанбеВКХ-и Украина бори дигар хоҳони узвияти Киев дар НАТО шуд"Ҷанг зидди ватан". Русия наврасони украиниро чӣ гуна истифода мекунад?