Президенти Тоҷикистон аз кори додрасҳо интиқод кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кори баъзе додрас ё судяҳо дар кишвар норозигӣ карда гуфт, бештари шикояти сокинон аз болои додрасҳо аст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабр дар вохӯрӣ бо додрасҳои кишвар гуфт, аз соли 2020 ба ин тараф аз болои кори додгоҳҳои кишвар, ба Дастгоҳи иҷроияи президент 4332 муроҷиат ворид шудааст.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, баъзе шаҳрвандон аз яктарафа баррасӣ шудани парвандаашон такрор ба такрор муроҷиат мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қонуншикании кормандони додгоҳҳо дар кишвар нигаронӣ карда гуфт, давоми даҳ соли ахир 45 додрас, муовинон ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо барои даст ба фасод задан зиндонӣ шудаанд.

Президенти Тоҷикистон аз қазияи раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёдоварӣ кард, ки барои латукӯби як марзбон аз вазифааш ронда шуд.

Дар бораи ин қазия аввал шуда Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июли имсол хабар дода буд ва ду рӯз пас Зоҳир Муминзода бо фармони президент аз вазифа барканор шуд.

Муминзода рӯзи 26-уми июл расонаҳоро гунаҳкор кард, ки "ҳолати ба сараш омадаро сенсатсия карда, нашр карданд". Аммо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми декабр гуфт, раиси додгоҳ бархилофи кодекси одоби додрасро сарбозро латукӯбу дашном додааст.

Президент берун аз маърузааш афзуд, "фарзанди ягон раиси додгоҳ хизмат намекунад ва ба қадри хизмат ҳам намерасад".

Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таину барканор мешаванд.