Дар бораи ин сафар аз пеш хабаре нашр нашудааст. Радио Свобода бо такя ба вазорати дифои Русия навишт, ки дар ҷараёни ин сафар чанд мулоқот бо мақомоти низомию сиёсии Кореяи Шимолӣ дар назар гирифта шудааст.
Белоусовро дар фурудгоҳи Сунани наздикиҳои шаҳри Пхенян вазири дифои Кореяи Шимолӣ Но Гван Чхол пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти аз ин бештар феълан дар даст нест. Белоусов пеш аз ин миёнаҳои моҳи июн бо як ҳайате аз Кореяи Шимолӣ дидан кард.
Он замон раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ - Владимир Путин ва Ким Чен Ун созишномаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд ва дар он ироаи кӯмаки билофосилаи ҳарбӣ дар сурати ҳамла ба яке аз ин кишварҳо пешбинӣ мешуд.
Моҳи октябр хадамоти истихбороти Украина, кишварҳои ғарбӣ ва Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд, ки низомиёни Кореяи Шимолӣ ба минтақаҳои ҷангии украинӣ сафарбар шудаанд ва сухан аз 12 ҳазор сарбози воҳидҳои зудамал меравад. Маскав то ҳо ба таври рӯшан ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Расонаҳо: Дар ҳамла ба Курск генерали Кореяи Шимолӣ маҷрӯҳ шудаастАмрико ҳузури сарбозони Кореяи Шимолиро дар ҷанг тасдиқ кардThe Telegraph: Путин мехоҳад то оғози кори Трамп, Курскро бозпас гирадПорлумони Русия созишномаи шарикӣ бо Кореяи Шимолиро тасвиб кард