Мақомот дар Исроил гуфтанд, ки муборизаи онҳо алайҳи гурӯҳи Ҳизбуллоҳи мавриди пуштибонии Эрон идома мекунад.
Ал-Манур, расонаи вобаста ба Ҳизбуллоҳ бо такя ба вазорати беҳдошт хабар дод, ки таркиш дар маҳаллаи Баста рух дод ва дар натиҷа дастикам чор нафар кушта ва 23 кас захмӣ шудааст.
Хабаргузории миллии Лубнон гуфт, ки шумори куштаву захмишудаҳо хеле зиёд аст ва дар натиҷаи ҳамла як бинои ҳаштошёна тахриб шудааст.
Телевизиони лубнонии Al-Jadeed чанд бинои тахрибшударо намоиш дод. Ҳафтаи ҷорӣ ин чорум ҳамлаи ҳавоии Исроил ба маркази Бейрут мебошад ва Исроил гуфтааст, ки муассисаҳои вобаста ба Ҳизбулллоҳро ҳадаф қарор медиҳад. Ҳизбуллоҳ, ки як гурӯҳи низомӣ ва сиёсӣ мебошанд, аксар манотиқи ҷануби Лубнонро назорат мекунад.
Иттиҳоди Аврупо бахши низомии Ҳизбуллоҳро террористӣ меномад, ИМА ҳарду бахши онро мамнӯъ ва террорристӣ эълон кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳи Гаага қарори ҳабси Зайф, Нетаняҳу ва Галлантро содир кардҲокштейн поёни ҷангро байни Исроилу "Ҳизбуллоҳ" имконпазир донистДар ҳамлаҳои нави Исроил даҳҳо фаластинӣ кушта шудаастСе фарзанди як оила – қурбонии ҳамлаҳои Исроил ба шимоли Ғазза