Трамп мехоҳад Гренеллро масъули хатми ҷанг дар Украина таъин кунад

Ричард Гренелл. Акс аз соли 2020

Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп имкон дорад собиқ раҳбари истихборот Ричард Гренеллро ба мақоми фиристодаи вижа оид ба ҷанги Русияву Украина таъин кунад.

Дар ин бора рӯзи 23 ноябр хабаргузории Reuters бо такя ба чор манбаи огоҳ иттило додааст. Гренелл дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп солҳои 2017-2021 дар мақоми сафир дар Олмон, фиристодаи вижа дар музокираҳои Сербияву Косово ва ҳам иҷрокунандаи вазифаи раиси истхбороти миллӣ кор кардааст.

Манбаъҳо гуфтанд, дар сурати таъин шудани ӯ ба ин мақом, барои иҷрои нақшаи Трамп дар амри хатми ҷанг нақши калидӣ бозӣ хоҳад кард.

Феълан чунин мақоми фиристодаи Амрико барои хатми ҷанги Русияву Украина вуҷуд надорад ва Трамп, ки аз охири январи соли оянда сари кор меояд, мехоҳад чунин мақомеро эҷод кунад.

Гренелл тобистони соли 2024 гуфта буд, ки барои хатми ҷанг тарафдори эҷоди «минтақаҳои мухтор» мебошад. Ӯ инчунин гуфтааст, хостори ин нест, ки дар ояндаи наздик Украина узви НАТО шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зеленский: Дар сурати қатъи кӯмакҳои Амрико ҷангро хоҳем бохтСоли оянда ҷанг дар Украина ба поён мерасад?The Telegraph: Путин мехоҳад то оғози кори Трамп, Курскро бозпас гирад