Ба навиштаи Associated Press, Макгрегор бояд ба зани ҷабрдида 250 ҳазор евро маблағ пардохт кунад.
Ин парванда дар як додгоҳи шаҳрвандӣ ё гражданӣ баррасӣ шудааст ва ба варзишгар ҳабс дар зиндон таҳдид намекунад. Пеш аз ин додситонии Ирландия гуфт, ки бо сабаби нокофӣ будани далел барои ҳукми айбдоркунӣ парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.
Дар додгоҳи шаҳрвандии Ирландия имкони баррасии парванда бо далелҳои кам ҳам имконпазир аст.
Ин додгоҳ гуфт, ки декабри соли 2018 дар як утоқи пентҳауси меҳмонхонаи Beacon дар шаҳри Дублин Макгрегор ба номуси ӯ таҷовуз ва латукӯбаш кард. Далели ин амали варзишгарро санҷиши тиббӣ собит кардааст.
Худи Макгрегор ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки бо ин зан бо хоҳиши дуҷониба алоқаи ҷинсӣ доштааст.
Макгрегор гуфт, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳад кард. Варзишгар гуфтааст, ки додгоҳи ҳакамон далелҳои овардаи ӯро пурра ба инобат нагирифтанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро Конор Макгрегор номи Лоиқ Раҷабовро хат зад? ВИДЕОПутин ба Нурмагомедов машварат дод, бо Макгрегор оштӣ кунад. ВИДЕОҲаяҷону интизории тоҷикон аз рақобати Ҳабиб ва Макгрегор