Мақомоти Косово дархости паноҳандагии Ситора Атомамадоваро рад кардаанд

Боздоштгоҳи хориҷиён дар Вранидолл, воқеъ дар наздикии пойтахти Косово, Приштина, ҷое, ки Ситора Атомамадова нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти Косово дархости паноҳандагии Ситора Атомамадова, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки беш аз 20 сол дар Косово зиндагӣ мекунад, рӯзи 22 ноябр рад карданд.

Сабаби рад шудани дархости ӯ маълум нест ва вакили дифои вай Лабинот Вата ба Бахши Косовои Радиои Аврупои Озод гуфтааст, ки аз болои ин қарор шикоят хоҳад бурд.

Аз оғози моҳи ноябр Ситора Атомамадова пас аз дарёфти дастури ихроҷ аз Косово дар боздоштгоҳи хориҷиён дар Вранидолл, воқеъ дар наздикии пойтахти Косово, Приштина нигаҳдорӣ мешавад.

Қаблан, дархости ӯ барои гирифтани шаҳрвандӣ рад карда шуд ва иҷозаи иқоматаш дар Косово лағв гардид. Ситора аз болои ин қарорҳо шикоят ва дар баробари ин дархости паноҳандагӣ кардааст.

Сабабҳои ин тасмимҳои мақомоти Косово расман шарҳ дода нашудаанд, ҳарчанд расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 5 ноябр аз эҳтимоли гумонбар шудани ӯ ба ҷосусӣ ба нафъи Русия хабар доданд. Ин маълумот низ расман тасдиқ нашудааст.

Ниҳодҳои Косово аз додани иттилоъ дар ин замина сарпечӣ карданд ва ҳамчунин дархости Бахши Косовои Радиои Аврупои Озодро барои мулоқот ва мусоҳиба бо Атомамадоваро рад намуданд.

Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL), чанд рӯз пеш бо хонаводаи Атомамадова тамос гирифт ва онҳо тасдиқ карданд, ки ӯ муддати тӯлонӣ дар Косово ба сар мебарад.

Ҳатто вакили ӯ ба RFE/RL гуфтааст, ки зерҳимояаш аз соли 2001 дар Косово зиндагӣ мекунад.

Вай гуфт, тибқи иттилои зерҳимояаш, вай дар созмонҳои маъруфи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси тарҷумон кор ва ё машғули кор будааст ва таҳсилро дар риштаи парастории тиббӣ хатм кардааст.

Дар миёни созмонҳои зикршуда Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Косово (UNMIK) ва миссияи посдори сулҳи НАТО (KFOR) ҳастанд.

UNMIK рӯзи 18-уми ноябр дар посух ба хабарнигори RFE/RL гуфтааст, тибқи маълумоте, ки онҳо доранд, “Ситора Атомамадова дар UNMIK кор накардааст”.

Аз сӯи дигар, KFOR рӯзи 19 ноябр ба RFE/RL гуфт, ки ин навъи маълумот (агар Атомамадова дар он ҷо кор карда бошад ҳам) "дар заминаи муқаррароти ҳифзи дахолатнопазирӣ ифшо намешавад".

Пештар Додситонии Косово дар суҳбат бо RFE/RL тасдиқ карданд, ки зидди Ситора Атомамадова ҳеч гуна парванда боз нашудааст. На Вазорати корҳои дохилии Косово ва на Полиси Косово дар бораи ин қазия маълумот надоданд.

Ситора Атомамадова соли 1972 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, ба гуфтаи наздиконаш, хатмкардаи бахши забони инглисӣ, дар аввали соли 2000 аз Тоҷикистон рафт.

Лабинот Вата мегӯяд, Ситора донандаи чанд забон буда, дар Косово моликият дорад ва тайи солҳо бо ҷомеаи ин ҷо ҳамгироӣ пайдо кардааст. Ба гуфтаи вакилаш, баррасии қазияи Ситора Атомамадова мумкин аст, моҳҳо идома кунад.

Дар се соли охир 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои гуногуни Аврупо ихроҷ ва истирдод шуда, ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон гаштаанд. Ихроҷу истирдод бахусус пас аз ҳамлаи террористӣ ба Крокус Ситӣ Ҳолл дар Маскав афзоиш ёфтааст, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гунаҳкор кард ва дар бораи ширкати тоҷикон дар ҳамалоти террористӣ дар Эрону Туркия ва омода кардани чунин ҳамлаҳо дар Олмон гузориш шудааст.

Ҷумҳурии Косово давлати нимаэътирофшудаи балканист, ки қаблан бахше аз Югославии собиқ буда, дар соли 2008 истиқлоли худро аз Сербия эълон кард. Ҳарчанд аксари кишварҳои узви СММ истиқлолияти онро эътироф кардаанд, Тоҷикистон дар як саф бо Русия ва аксари кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин бархе аз давлати Аврупо онро ба расмият нашинохтаанд. Дар панҷ соли охир 550 нафар аз Косово ихроҷ карда шудаанд.