Расонаҳо: Қатар аз роҳбарони "Ҳамос" хост, аз ин кишвар раванд

Холид Машъал, роҳбари муваққатии "Ҳамос"

Ҳукумати Қатар зери фишори Амрико аз роҳбарони гуруҳи «Ҳамос» талаб кардааст, ки ин кишварро тарк кунанд. «Ҳамос» дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Рӯзномаи Financial Times бо такя ба манобеаш навиштааст, роҳбарони “Ҳамос” талабҳо барои озодии гаравгонҳои исроилиро рад кардаанд ва барои ҳамин Қатар аз онҳо хостааст, аз ин кишвар раванд. Намояндагони “Ҳамос” ба навиштаи Financial Times аз соли 2012 дар Қатар мезистанд.

Манобеи огоҳ гуфтаанд, мумкин аст роҳбарони “Ҳамос” ба Туркия раванд. Раиси ҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ошкоро Исроилро танқид мекунад.

Дар ҳамин ҳол намояндагони «Ҳамос” дар суҳбат бо шабакаи Al Arabiya хабарҳо тарки Қатарро рад кардаанд.

Ҳанӯз моҳи майи имсол нашрияи исроилии The Times of Israel навишта буд, Қатар омода аст, ки бо талаби Амрико роҳбарони “Ҳамос”-ро берун кунад.

Ба гуфтаи манобеи "Вашингтон Пост", Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар гуфтугӯ бо роҳбарони Қатар аз берун кардани роҳбарони "Ҳамос" аз ин кишвар гуфтааст, агар онҳо пешниҳодҳо дар бораи оташбас бо Исролиро пайваста рад кунанд.

Неруҳои "Ҳамос" беш аз як сол аст, ки дар Навори Ғазза бо артиши Исроил ҷанг мекунанд. Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро ҳам гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва давоми беш аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд. Ин ҷанг, ки то кунун идома дорад, боис ба ҳалокати беш 42 ҳазор фаластинӣ шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.