Исроил аз боздошти як фармондеҳи "Ҳизбуллоҳ" хабар дод

Артиши Исроил аз боздошти як фармондеҳи дарёии “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон хабар дод. Исроил мегӯяд, Имод Аҳмаз "манбаи муҳими маълумот" дар бораи нерӯҳои дарёии ин гуруҳ аст. “Ҳизбуллоҳ” дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.

Рӯзномаи The Times of Israel рӯзи 2-юми ноябр навишт, амалиёт барои боздошти Имод Аҳмаз аз сӯи неруҳои дарёии Исроил анҷом шуд. Ин фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ” дар хонааш боздошт шуда, ба Исроил фиристода шудааст. Акнун ин нафарро хадамоти истихборотии Исроил бозпурсӣ мекунад.

Дар ҳоле, ки артиши Исроил фарди боздоштшударо масъули амалиёти дарёии “Ҳизбуллоҳ” мегӯяд, мақомдорони Лубнон гуфтанд, Имод Аҳмаз маллоҳи киштиҳои мулкӣ буд. Али Хамия, вазири нақлиёти Лубнон гуфт, дар бораи иртиботи фарди боздоштшуда бо “Ҳизбуллоҳ” чизе намедонад.