Пентагон хабар дод, ки 425 миллион доллар ёриҳои навбатии амниятии Амрико бо як дастури президент аз рӯзи 1 ноябр дар ихтиёри Украина вогузор мешавад.
Ин хабар дар остонаи интихоботи президентӣ дар Амрико нашр шуд, ки 5 ноябр барпо мешавад ва яке аз мавзӯъҳои калидии ин маърака баҳси сари идомаи ёриҳо ба Украина мебошад.
Дар таблиғоти пешазинтихоботии ахир хеле рӯшан дида мешавад, ки дидгоҳҳои номзади ҷумҳурихоҳҳо Доналд Трамп ва Камала Ҳарриси демократ ба идомаи ёриҳо ба Украина аз ҳам хеле фарқ мекунанд.
Дар ҳоле, ки Трамп гуфтааст, агар ӯ президент мешуд, ҳеҷ гоҳ вориди бӯҳрони Украина намегардид, Ҳаррис ва ҷумҳурихоҳҳои бонуфуз мегӯянд, кӯмак ба Украина барои ҳифзи демократия аз рафтори хашини Русия бо Аврупову Ғарб бисёр муҳим аст.