Даргузашти фалаксарои шинохта Маҳмадсафар Муродов

Акси Маҳмадсафар Муродов аз як ҳунарнамоиаш дар телевизион. Бознашр аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзи 1 ноябр дар ноҳияи Восеъ дар синни 66-солагӣ Маҳмадсафар Муродов -  фалаксаро ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон  даргузашт.

Рӯзи 1 ноябр дар ноҳияи Восеъ дар синни 66-солагӣ Маҳмадсафар Муродов - фалаксаро ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон даргузашт. Як хабарнигор аз ноҳияи Восеъ, ки нахост номаш нашр шавад, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин овозхон чанд моҳ боз аз диабети қанд ранҷ мекашид ва вақтҳои охир дар хонааш бистарӣ буд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ӯ дирӯз тақрибан соатҳои 10 субҳ даргузашт ва ҳамон рӯз ӯро дар мазори деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ дафн кардаанд.

“Бемор буданд, дар ҳамин хонаашон дар деҳаи Гулобод зиндагӣ мекарданд. Дирӯз субҳ дунёро падруд гуфтанд ва ҳамон рӯз пешнамоз карда дафнаш карданд. Мардум нав имрӯз огоҳ шуданд, ки устод ин дунёро падруд гуфтааст”, афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Маҳмадсафар Муродов хатмкардаи Омӯзшгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленинро (Рӯдакии ҳозира) корро нахуст аз ансамбли тарона ва рақси «Чашма» дар ноҳияи Восеъ шурӯъ кард. Муаллими мактаби мусиқии маҳаллӣ буд. Баъди соли 2012 то поёни ҳаёташ коргардони ансамбли этнографӣ дар вилояти Хатлон буд.

Дар ҳолномаи Маҳмадсафар Муродов навишта шудааст, ки ӯ ҳангоми хониш бештар дутору найро ба кор мебурд. Баробари рубоиёти халқӣ як силсила таронаҳоро чун «Меҳру вафо», «Дардманди ишқ», «Ба сайри гул наомад», «Фарзанди замин», «Даргоҳи умед», «Рӯзгор», «Ҳамдами ҷон», «Хомӯш намешавад», «Дилрабо»-ро эҷод кардааст. Соли 2009 унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро соҳиб шуд.