Вазорати кору муҳоҷират дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр аз имзои Созишномаи ниҳоӣ барои фиристодани коргарон ба Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи аввали муҳоҷиронро дар аввали соли 2025 мефиристанд.
Яке аз талаботи асосӣ донистани забони куриёӣ будааст.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз кӯшиш доранд, ки дар баробари Русия самтҳои дигари муҳоҷиратро боз кунанд.
Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳриму афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон, таваҷҷӯҳи корҷӯёни тоҷик ба бозори кор дар Кореяи Ҷанубӣ бештар шуд.
Муҳоҷирон мегӯянд, маош дар Корея назар ба Русия баландтар ва пулис хушмуомила аст. Тибқи ҳисобҳои гуногун беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.