Аз аввали соли 2025 қимати иҷозаномаи корӣ ва ё патент дар шаҳри Маскав пойтахти Русия 20 дарсад боло бурда мешавад. Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС 28-уми октябр аз қавли Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав хабар додааст.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, сар аз моҳи январ қимати патент , ки ҳоло 7400 рубл аст, тақрибан 9 ҳазор рубл мешавад.
Собянин гуфтааст, сабаби боло бурдани қимати иҷозатномаи кор баробар кардани хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва коргарони рус аст.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва аксарияти онҳо иҷозанома ё патент мегиранд. Муҳоҷирон борҳо аз қимати баланди патент шикоят мекунанд. Гирифтани он ҳам расмиёти зиёд дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия иҷозатномаи корро умдатан барои фишор ба муҳоҷирон истифода мебаранд, ки молиёти зиёде ҳам ба буҷаи Русия мепардозанд.