Узбекистон сафири нави худро ба Кобул фиристод. Ойбек Усмонов ҷойгузини Ёдгорхӯҷа Шодмонов мешавад, ки аз соли 2012 намояндаи Тошканд дар Кобул буд.
Ойбек Усмонови 62-сола давоми чор соли ахир сафири Узбекистон дар Покистон буд. Расонаҳои Узбекистон навиштанд, Усмонов забонҳои дарӣ ва паштуро медонад.
Узбекистон аз кишварҳое аст, ки бо ҳукумати “Толибон” робитаи наздик дорад. Тошканд сафири “Толибон”-ро қабул кардааст.
“Толибон” моҳи августи соли 2021 тамоми Афғонистонро ишғол карда, низоми ҷумҳуриятро барҳам дод. Аммо ягон кишвар то ҳол ин гуруҳро ба ҳайси ҳокимони нави Афғонистон ба расмият нашинохтааст.