Нарзулло Боймирзоев, ки ҳамзамон раиси идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳам ҳаст, 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи гумонбарон маълумоти зиёд надорад. "Тафтишот идома дорад, бо 2 нафар қаноат нест,"-афзуд Боймирзоев.
Шаби 22 ба 23-юми октябр афроди ношинос Амрулло Боймирзоевро дар ҷойи кораш, дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом куштанд. Ин ҷавон посбони коргоҳи тоза кардани пахта буд. Сабабҳои куштор феълан маълум нест. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи ҳодиса то ин дам бенатиҷа буд.
Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.