"Мисли гурги гурусна менигаристанд." Мушкилии занони тоҷик дар ҷойи кор

  • “Шавҳар доред?”
  • “Ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед?”
  • “Чанд фарзанд доред?”
  • “Нияти боз таваллуд кардан надоред?”

Чунин суолҳоро бонувон дар Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯйи кор зиёд мешунаванд. Бино ба як гузориши Созмони Милал аз соли 2023, занон дар муқоиса бо мардон дар иқтисоду бозори кор ба монеаҳои ҷиддӣ ва фаровоне рӯ ба рӯ мешаванд. Аз лаҳзаи қабул ба кор то таъйини маошу имтиёзҳои дигар.

Дар бораи он ки чӣ қадар аз занон барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ва табъизи ҷинсӣ дар ҷойи кор ба мақомоти болоӣ муроҷиату шикоят бурдаанд, омори дақиқ нест. Аммо даҳҳову садҳо зане аст, ки ба ҳамдигар ё ба созмонҳои кор бо занон аз монеаҳо ва муносибати нофораму маҳрамона нисбати худ дар коргоҳ дарди дил мекунанд. Онҳое ҳастанд, ки аслан ба ҷое лаб намекушоянду мушкилро пинҳон медоранд. Ин амал сабаб мешавад, ки баъзе аз занон ба мисли қаҳрамони гузориши мо тарки кор кунад.

Назира номи шартии ӯст. Замони корашро дар як корхонаи бонуфузи давлатӣ ба ёд овард. Мегӯяд, дар як соли кор дар он ҷо шоҳиди мавридҳои зиёди табъизу таҳқир, муносибати нофорам бо занон ва поймолшавии ҳуқуқи онҳо шуд.

“Вақте ба кор омадам, аз шавҳар ҷудо шуда будам. Ҳама ба мисли гурги гушнае, ки луқмаи худро меҷӯяд, ба ман менигаристанд. Мутаассифона, ба заноне, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷират қарор доштанд, ҳамин хел муносибати бад буд. Кӯшиш мекарданд, ки ба занҳои бева ё бешавҳар шинос шуда, дили онҳоро ёбанд,” – нақл кард ӯ.

Табъизи ҷинсӣ ва муносибати нобаробар нисбат ба занони коргар яке аз монеаҳои аслӣ дар фаъолияти бонувон аст. Мусоҳиби мо зани ҷавону бешавҳар аст. Бо вуҷуди он ки соҳиби маълумот ва донандаи забони англисӣ аст, мегӯяд, бархӯрди нороҳаткунанда сабаб шуд, ки чанд бор ҷойи корашро иваз кунад.

Ӯ афзуд: “Махсусан барои ман ин бисёр нороҳаткунанда буд. Намехостам, ки дигар дар он ҷо кор кунам. Кӯшиш мекардам, бо онҳо рӯ ба рӯ нашавам. Дар як-ду корхона не, дар чандин корхона шоҳиди ин ҳолат будам.”

Назира мегӯяд, занон бо вуҷуди доштани дониши хубу заҳмати зиёд ба фарқ аз мардон ба сахтӣ метавонанд дар соҳаи худ пеш раванд ё ба мансабҳои болотару имтиёзҳои бештар соҳиб шаванд: “Заноне буданд, ки дониши хуб доштанд, аммо аз тарафи мардони корхона таҳқир мешуданд. Чандин кадри хуб ин ҳамаро дида, дилшикаста шуда, кунҷи хонаро мегиранд ё маҷбур ба муҳоҷират мераванд.”

Дар гузашта чанд ҳолате буд, ки занони тоҷик бо иддаои табъизи ҷинсӣ ва поймолшавии ҳуқуқи худ, аз ҷумла пешниҳодҳои маҳрамона, алайҳи масъулони коргоҳҳои худ ба додгоҳ шикоят бурданд, аммо на ҳамеша ин баҳсҳо ба манфиати занон анҷом ёфтаанд. Моҳлиқо Раҳимзода, хабарнигори мустақили тоҷик, мегӯяд, ҳанӯз аз замони қабул ба кор дар баъзе аз корхонаву идораҳо бартарӣ бештар ба мард дода мешавад.

“Медонанд, ки зан дер ё зуд ба нигоҳубини кӯдак дода мешавад. Ин дар корхонаҳои шахсӣ бештар дида мешавад. Ман мисолҳои бисёре медонам, ки ҳатто дар эълони ҷойи кор онҳо менавиштанд, ки дар фалон вазифа ба мо мард даркор аст. Ман ба ҳуқуқшиносон ва мутахассисони умури гендерӣ ҳамон замон суол медодам, ки чаро онҳо расман ҳуқуқи занонро ба меҳнат нақз мекунанд?” – афзуд вай.

Моҳлиқо Раҳимзода

Моҳлиқо аз таҷрибаи худаш зимни қабул ба кор дар як корхона чунин қисса кард: “Вақте аз имтиҳон гузаштам, суоли ниҳоӣ ин буд, ки ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед? Он замон духтари ҷавон будам. Гуфтам, ки не. Яъне, бо вуҷуди он ки қонунҳои мо мукаммал аст ва ҳукумат барои таъмини баробарии ҳуқуқи зану мард талош мекунад, аз ҷониби шахсони алоҳидаву корхонаву ширкатҳо ҳуқуи зан дар мавриди кор поймол мешавад.”

Тибқи гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, Тоҷикистон дар мавриди баробарии ҷинсӣ пешрафтҳое дорад, вале ҳамоно стереотип ё қолабҳои кӯҳна ҳамоно побарҷоянд. Ба андешаи Моҳлиқо Раҳимзода ҳам, як сабаби бархӯрди нобаробар ба зану мард дар коргоҳ ин ҳамин ақидаҳои кӯҳна аст.

“Масалан, барои фиристодан ба сафари хидматӣ онҳо ба мардон бартарӣ медиҳанд. Дар баъзе аз ҳолатҳое, ки дар пай имкониятҳои дигари иловагӣ дорад, он ҷо низ интихоб бар сари мардон меафтад. Яъне ҳарчанд нисбат ба даҳсолаи пеш мо дар самти гендер рушд кардем, мутаассифона, ҳанӯз ҳам қолабҳои куҳна побарҷо ҳастанд. Ҳанӯз ҳам бартарӣ ба мардон дода мешавад,” – шарҳ дод ӯ.

Бино ба як гузориши Созмони Милал аз 2023, дар Тоҷикистон агарчӣ фарқи маоши занон аз мардон дар қиёс бо солҳои 2000-ум камтар шудааст, ҳоло ҳам занон танҳо 64 дар сади маоши мардонро мегирифтаанд. Дар як пурсиши дигар дар бораи кори занон қисме аз пурсидашудаҳо гуфтаанд, занон дар ҷойи кор маъмулан ба табъизи равонӣ ва иқтисодӣ дучор мешаванд.

Аз тақрибан 19 ҳазор хидматчии давлатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023-юм 25 дарсад занон будаанд. Мақомот мегӯянд, барои фаъол будани онҳо шароит фароҳам аст ва ҳуқуқу баробарӣ таъмин. Аммо Кумитаи маҳви табъиз нисбат ба занони Созмони Милал дар гузориши охири худ аз ҳузури ками занон дар вазифаҳои раҳбарӣ ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ гуфта, ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки теъдоди занонро дар мақомҳои раҳбарӣ бояд то ба 50 дарсад расонад.

Барномаро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Салом хоҳар. Бо корфармои тамаъҷӯ чӣ кор кунам?

Ҳуқуқдон: "Занон аксар вақт аз муроҷиат кардан даст мекашанд"

Дар бораи табъизи ҷинсӣ дар ҷойи кор ва ҷазое, ки барои он пешбинӣ шудааст, бо ҳуқуқдон Дилафрӯз Самадова суҳбат кардем. Ӯ мудири иҷроияи созмони “Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун” аст. Суоли аввали мо ин буд, ки тибқи қонун кадом амал дар ҷойи кор нақзи ҳуқуқи кори зан шуморида мешавад?

Дилафрӯз Самадова: “Қонунгузории ҳам миллӣ ва ҳам байнулмилалӣ ҳамаи ҳуқуқро ба коргар бе ҷудо кардан ба ҷинс таъйин кардааст. Умуман Кодекси меҳнат ва санадҳои дигар ҳуқуқи истисноӣ ё имтиёзҳои алоҳидаро барои занон пешбинӣ мекунад, то баробарии зану мардро дар ҷойи кор кафолат диҳад. Дар амал ҳолатҳое мешаванд, ки ҳуқуқи занҳо поймол мешаванд. Занҳо барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат мекунанд. Дар бораи поймол шудани ҳуқуқи онҳо вобаста ба баромадан ба рухсатии меҳнатӣ барои таваллуди кӯдак. Ҳамчунин дар бораи қабул ба кор ё ҳолатҳое, ки беасос аз кор озод карда шудаанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки занон дар бораи муносибати норавои шаҳвонӣ нисбати ӯ дар ҷойи кор муроҷиат мекунанд."

Радиои Озодӣ: Яъне, чунин муроҷиат ё шикоятҳо буданд аз сӯйи занон?

Дилафрӯз Самадова: “Аз тарафи занҳо муроҷиату шикоятҳо ҳастанд. Муроҷиати охирине, ки ман баррасӣ кардам, шикояти як зан дар бораи муносибати шаҳвонии маҷбурӣ буд. Зан ба Додситонӣ муроҷиат карда буд. Дар натиҷаи санҷиш ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ рад шуд. Зан аз ин қарор норозӣ аст. Бисёр вақт занон барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ вобаста ба таваллуд ва нигоҳубини кӯдак муроҷиат мекунанд. Ҳангоми ҳомила будан ва таваллуд ба зан қонунгузор имтиёзҳои зиёде пешбинӣ кардааст. Бисёр вақт корфармоҳо инро як монеа барои худ мебинанд. Ҳол он ки ҳама кафолату пардохтпулиҳо аз сӯйи давлат дода мешавад. Яъне, корфармо аз хазинаи худ пули иловагӣ намедиҳад ба зан. Ба ҳар ҳол, корфармо аз надонистан ё нафаҳмидани ин механизм, амалҳои зиддиҳуқуқиро содир мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Тибқи гузориши Созмони Милал ва пажӯҳишҳо занон тақрибан 60-64 дарсади маоши мардонро мегиранд. Яъне, маоши занон назар ба мардон камтар аст. Ин табъиз нест?

Дилафрӯз Самадова: “Дуруст ишора кардед. Инро ҳам нобаробарӣ ё табъиз гуфтан мумкин аст. Дар ҳақиқат, Кумитаи барҳам додани ҳама намуди табъиз нисбати занҳо соли 2018 ба Тоҷикистон хулосаҳои худро пешниҳод кард. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки пешравиҳо дар ин соҳа ҳаст ва ин ҳам дар мулоҳизаҳои умумӣ оварда шуда буд. Аммо ҳолатҳое низ ҳастанд, ки то имрӯз дар амал мебинем ва ин кам будани маош барои кормандони зан аст. Ҳаст ҳолат ё стереотипе, ки ба зани корманд ҳамчун ба шахсе менигаранд, ки чандон лаёқати фаъолият надоранд. Кумита ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои кафолат ва дар амал татбиқ шудани баробарии зану мард дар кор ва баробар амалӣ шудани ҳуқуқи онҳо Тоҷикистон кори худро идома диҳад. Ин яке аз уҳдадориҳои давлат мебошад барои пешгирӣ кардан аз табъиз ё нобаробарӣ дар ҷойи кор.”

Дилафрӯз Самадова

Радиои Озодӣ: Аз таҷрибаи шумо, то куҷо ба муроҷиат ё мушкили занон расидагӣ мешавад ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Дилафрӯз Самадова: “Умуман муроҷиат аз ҷониби занҳо вобаста ба вайрон шудани ҳуқуқи онҳо дар таҷриба камтар аст. Дар мисоли муроҷиати охирине, ки ба мо шуд. Воқеан зан ба Додситонӣ шикоят кард. Мақомот қарори рад қабул карданд. Ин аллакай шаҳодати он мебошад, ки дар чунин парвандаҳо санҷиш ба манифати зан не, балки ба фоидаи корфармое қабул карда мешавад, ки ҳуқуқи ӯро вайрон кардааст.”

Радиои Озодӣ: Шояд ҳамин ҳам як сабаби кам будани муроҷиат аз сӯйи занон бошад? Чун на ҳамаи онҳое, ки ба ин мушкил дучор мешаванд ба мақомот муроҷиат мекунанду баҳсро то додгоҳ кашидан мехоҳанд. Сабаб бештар ҳамин бенатиҷа мондан аст ё надонистани ҳуқуқ ва ё тарси аз даст додани кор?

Дилафрӯз Самадова: “Солҳои охир дар ҷомеа ин мавзуъ ошкор баррасӣ мешавад. Дар бисёр мавридҳо занон аз муроҷиат кардан даст мекашанд, зеро аз ҷониби ҷомеа ҳама кирдорҳои ғайриқонуние, ки хусусияти шаҳвонӣ доранд, пинҳон карда мешаванд. Худи ҷабрдида зери баҳодиҳии манфӣ мемонад. Таҳқиру таъқибу таҳдид ба вуҷуд меояд ва ин сабаб мешавад, ки занон муроҷиат накунанд. Имрӯзҳо ягон-ягон занҳое пайдо шудаанд, ки ошкоро дар бораи ин масъала ҳам дар оила ва ҳам ҷойи кор изҳори назар мекунанд. Нағз мешуд, ки ҳангоми пешниҳоди чунин аризаҳо уҳдадории исбот ба ҷабрдида не, балки ба мақомоти тафтишот вогузор карда шавад. Ин меъёри байнулмилалӣ аст. Дар масъалаҳои хушунату таҷовуз аз ҷониби ҷабрдида дар ариза дарҷ кардани ҳолати кор кифоя буда, аз ҷониби мақомот зарур аст, ки ҳама чораҳо барои ҷамъоварии далелу санҷиш гузаронида шавад.”

Радиои Озодӣ: Ба заноне, ки ҳангоми кор ба қонуншиканӣ ё табъиз гирифтор мешаванд, чӣ машварат медиҳед?

Дилафрӯз Самадова: “Занҳо ҳассос ҳастанд. Тавсия медиҳам, ки дар ин ҳолат эҳсоси худро идора кунанд. Далелу шоҳид ҷамъ кунанд. Сипас бе саросемагӣ, бо тартиб додани аризае, ки ҳолатҳоро як ба як нишон медиҳад, муроҷиат кунанд.”

Барномаро дар Ютуб бинед: