Пурсиш: Бори рӯзгор бар дӯши кист -- занон ё мардон?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон зану мард барои пешбурди зиндагии хонавода якҷоя кор мекунанд. Қонунгузорӣ ҳам дар ин робита маҳдудият пешбинӣ накардааст. Вале гоҳе баҳсҳо атрофи кору машаққати занону мардон ва нақши онҳо дар таъмини рӯзгор садо медиҳад. Бори рӯзгор бар дӯши кист -- занон ё мардон?