Интихоботи деринтизор дар Курдистони Ироқ

Сентябри соли 2023. Шаҳри шимолии Киркук, ки дар байни Курдистон ва Бағдод ҷойгир аст

Сокинони минтақаи нимамухтори шимолии Курдиcтони Ироқ рӯзи 20 октябр барои иштирок дар интихоботи деринтизори парлумонӣ пои сандуқҳои раъй мераванд.

Ин овоздиҳӣ дар шароити ихтилофҳои идомаёбанда, бесуботии иқтисодӣ ва баҳсҳои ҳалношуда бо Бағдод ҷараён дорад.

Рақибони асосӣ ду нирӯ – Ҳизби демократии Курдистон ва Иттиҳоди патриотҳои Курдистон мебошанд.

Таърихан ин ду нирӯи сиёсӣ қаламравҳои ҷудогонаи минтақаи Курдистонро назорат мекунанд: Ҳизби демократии Курдистон – Ирбил ва Доҳук ва Иттиҳоди патриотҳои Курдистон минтақаи Сулаймонияро таҳти назорат доранд.