Сомонаи CNN рӯзи 19 октябр навишт, мусофирону наздиконашон дар толори гусели фурдугоҳ на бештар аз се дақиқа метавонанд якдигарро ба оғӯш кашида хайрухуш намоянд. Онҳое, ки мехоҳанд дурудароз хайрухуш кунанд, метавонанд дар таваққуфгоҳи фурудгоҳ ин корро бикунанд. Чунин маҳдудият ва дастур дар як таблои бузурге дар толори фурудгоҳ ҳам навишта шудааст.
Дар сомонаи фурудгоҳ дар шарҳи чунин маҳдудият навиштаанд, ки мақсад озод гузоштани роҳҳои убури мусофирон ба самти хатти парвоз мебошад. Дэниел Де Боно, мудири иҷроияи фурудгоҳ дар мусоҳиба бо RNZ аз таҳқиқоти илмие ёдовар шуда гуфтааст, ки ҳаҷми бештарини “ҳормони ишқи окситотсин” дар 20 сонияи аввали оғӯшкашӣ ҳосил мешавад ва ҳамин чиз барои мусофирон бояд кофӣ бошад.
CNN дар мақолааш навиштааст, ки дар таваққуфгоҳи фурудгоҳи Дандин ба мусофирон фақат 15 дақиқа фурсат барои исти ройгон фароҳам шудааст. Кормандони фурудгоҳ гуфтаанд, ки дар давоми солҳои зиёд шоҳиди саҳнаҳои хеле пурэҳсоси хайрухуши мусофирон бо азизонашон шудаанд.