Се муҳаққиқи амрикоӣ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод шуданд

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши иқтисодро муаллифони таҳқиқоти пурфурӯше бо номи "Чаро баъзе кишварҳо сарватманду дигарҳо нодор ҳастанд" соҳиб шуданд.

Рӯзи 14-уми октябр Дарон Аҷемоғлу, Ҷеймс Робинсон – иқтисодшиносони корманди донишгоҳҳои Амрико ва ёвари онҳо Саймон Ҷонсон барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисод эълон шуданд.

Ҳакамон саҳми онҳоро дар таҳқиқи “ҷараёнҳои ташаккулёбии сохторҳо ва таъсири онҳо ба шукуфоии иқтисодӣ” муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар иттилоияи Академияи илмҳои Шветсия омадааст, ки барандаҳои ҷоиза бо таҳқиқоти худ имкон фароҳам мекунанд, ки бо чӣ сабаб ҷомеаҳое бо рушди заъифи қонунҳо ва сӯиистифода аз нирӯи аҳолӣ, пеши роҳи рушд ва тағйиротро мегиранд. Аҷемоғлу ва Робинсонро поягузори илми иқтисоди ниҳодӣ ё сохторӣ меноманд.

Ҷоизаи иқтисодии ба номи Алфред Нобелро соли 1968 Бонки Швейтсария таъсис дод. Тақдими худи ҷоизаҳо қарор аст 10-уми декабр барпо шавад.