Бар асоси қонуне, ки моҳи сентябри соли 2023 қабул шуд, мӯҳлати зиндон ва ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоби ҳатмӣ сангинтар шуд.
Қонуни ҳиҷоб барои либоси “номуносиб” дар маконҳои ҷамъиятӣ барои занон то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ноҳид Нағшандӣ, як муҳаққиқи масоили Эрон дар Human Rights Watch гуфт, “ҳукумати худкомаи Эрон ба ҷои он ки дар посух ба ҳаракати “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бо ислоҳот посух диҳад, қонунҳои аз ин бадтар саркӯбгарона”-ро қабул мекунад.
Дар Эрон аз соли 1981 қонуни ҳиҷоби ҳатмӣ барои духтарони аз 9-сола боло амал мекунад. Барои мардҳо дар Эрон ҳамчунин пӯшидани либосе манъ аст, ки поёни қафаси сина ё китфу буҷулаки пойро урён мекунад.
Соли 2022 духтари ҷавон дар Эрон баъди боздошташ бо гумони “бадҳиҷобӣ” дар идораи полис даргузашт ва ин чиз боиси эътирозҳои бесобиқаи сартосарӣ дар тамоми кишвар шуд. Мақомот бо саркӯби бераҳмона посух доданд ва дар давоми чанд моҳи эътирозҳо чандсад нафар куштаву ҳазорҳо тан маҷрӯҳ шуданд.