"Толибон" чопи акси одамонро дар матбуот манъ мекунанд

Акси Ҳайбатулло Охунзода, роҳбари "Толибон"

Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон қонунеро ҷорӣ хоҳанд кард, ки нашри акси одамони зиндаро дар матбуот манъ мекунад.

Рӯзи 14-уми октябр Сайфулислом Хайбар, сухангӯи Вазорати амри ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати "Толибон" ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, қонуни манъкунандаи нашри акси чеҳраҳои зинда дар тамоми Афғонистон татбиқ мешавад.

Ин мақомдори "Толибон" афзудааст, иҷрои ин қонун тадриҷан сурат мегирад.

Чанде пеш Вазорати адлияи "Толибон" дар бораи ҷорӣ шудани қонунҳои сахтгиронаи исломӣ хабар дод.

Ҳанӯз қонун дар бораи манъи чопи суратҳои одамони зинда пурра ба иҷро надаромадааст ва нашри аксҳои узви ҳукумати "Толибон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома доранд.

Гуруҳи "Толибон" баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, дар Афғонистони маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ карданд. Аз ҷумла онҳо таҳсили духтаронро аз синфи 6 боло манъ карда, занонро аз ҳаққи кор низ маҳрум карданд.