Поп хостори "оташбаси фаврӣ" дар даргириҳои Ховари Миёна шуд

Попи Рум Франсис рӯзи 13 октябр бори дигар хостори барқарории "оташбаси фаврӣ" дар даргириҳои ҷорӣ дар Ховари Миёна шуд.

Ӯ ҳамчунин бар ҳифзи "эҳтиром" ба неруҳои сулҳбони Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард.

Поп дар як маросими динӣ гуфт, "ман ҳамчунон бо нигаронӣ ончиро, ки дар Ховари Миёна рух медиҳад, пайгирӣ мекунам".

Поп Франсис бо таъкид ба ҳалли мушкил аз роҳи гуфтугӯ ва дастёбӣ ба сулҳ гуфт, ки барои озодии гаравгонҳо дуо мекунад ва ибрози умедворӣ кард, ки ин "ранҷи бузург" ба зудӣ поён ёбад.