Ройтерс: "Ҳизбуллоҳ" ба ҷанги тӯлонӣ бо Исроил омода мешавад

Ҳамла ба яке аз минтақаҳои шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон

Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли ду манбаи огоҳ навиштааст, неруҳои "Ҳизбуллоҳ" ба як ҷанги дарозмуддат дар ҷануби Лубнон омода мешаванд.

Ба қавли ин расона, шеваи ин ҷанг ва масъалаҳои дигарро бояд роҳбарияти нави "Ҳизбуллоҳ" ҳал кунанд. Роҳбарони ин гуруҳи зери ҳимояти Эрон, аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ аз сӯи Исроил кушта шуданд.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, зери ҳимояти Эрон аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

"Ройтерс" аз қавли чор фарди огоҳ аз амалиётҳои “Ҳизбуллоҳ” навиштааст, ин гуруҳ ҳанӯз ҳам силоҳи зиёд, аз ҷумла мушакҳои дурпарвоз дорад.

Артиши Исроил дар як моҳи ахир ба неруҳои "Ҳизбуллоҳ" зарбаҳои сангине ворид кард. Ба ҷуз кушта шудани роҳбарони аршади гуруҳ, дар пайи таркиши пейҷер ё дастгоҳҳои алоқа, садҳо аъзои “Ҳизбуллоҳ” захмӣ шуданд. Артиши Исроил 1-уми октябр аз оғози “амалиёти маҳдуди заминӣ” дар ҷануби Лубнон ва дар минтақаҳои зери идораи “Ҳизбуллоҳ” хабар дод.