Шаби 12-уми октябр дар натиҷаи ҳамлаи артиши Русия ба вилояти Запорожеи Украина се кас захмӣ шудааст. Ду нафари онҳо занони 22 ва 55-сола ва як каси дигар духтари 11 сола мебошад. Дар ин бора волии вилоят Иван Фёдоров хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, ду зан дар бемористони бистарӣ шудаанд.
Пулиси миллии Украина мегӯяд, шаби гузашта неруҳои Русия се маротиба бо бомбҳои ҳавоӣ ба вилояти Запороже ҳамла кардаанд. Гулулаҳо ба иншоотҳои иҷтимоӣ ва як пойгоҳи аспдавонӣ афтидаанд.
Артиши Русия чанд вақти ахир барои ҳамла ба Запороже аз бомбҳои ҳавоӣ истифода мебарад. То ин вақт низомиёни рус бо чунин бомбҳо асосан ба вилояти Харков зарба мезаданд.