Пулиси Душанбе аз муноқиша миёни хонандагони яке аз мактабҳои пойтахт хабар дод.
Ба иттилои Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муноқиша шомгоҳи 7-уми октябр миёни хонандагони синфҳои 10-и мактаби рақами 30 дар ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст.
Манбаъ гуфт, ки ҳодиса "аз сабаби хусумату бадбинии қаблан ҷойдошта" сурат гирифта, мактабхонҳо якдигарро латукӯб кардаанд.
Дар ин муноқиша яке аз мактабхонҳо бо номи Расулов И бо табар ба гардани хонандаи дигар бо номи Раҷабов А зарба зада, ӯро захмӣ кардааст.
Ба гуфтаи пулис, ҳамакнун 8 нафар аз ширкатдорони муноқиша боздошт шуда, тафтиш идома дорад.
Барои бори аввал нест, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахт миёни мактабхонҳо занозанӣ сурат мегирад.