Номи барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуд

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё ё химия имсол  ба Дэвид Бейкер аз ИМА, Демис Хассабис ва Ҷон Ҷампер аз Британия тақдим мешавад. Ҷоиза барои таҳқиқи сохти сафедаҳо ба ин олимон дода шуд.

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё аз соли 1901 тақдим мешавад. Дар вебсайти расмии ин ҷоиза омадааст, донишманд Фредерик Сангер танҳо нафаре буд, ки ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро ду бор дар умраш - соли 1958 ва 1980 бурдааст.

Ҷоизаи Нобел аз ҷониби соҳибкору як саноатчии швед Алфред Нобел таъсис шуда, барои кашфиёти нодиру муҳим дар илмҳои мухталиф тақдим мешавад. Ҷоизаҳо 10-уми декабри ҳар сол тақдим мешавад. Арзиши пулии ҳар ҷоиза тахминан як миллион доллар мебошад.