Ҳалокати 2 коргари чинӣ дар таркиши назди фурудгоҳи Карочӣ

Мақомоти Покистон ва Чин эълон карданд, ки ду коргари чинӣ дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ кушта ва дастикам 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ ва пулиси ин кишвар, як мошини нафткаш дар берун аз фурудгоҳи Карочӣ, ки калонтарин фурудгоҳи Покистон аст, рӯзи якшанбе таркидааст.

Сафорати Чин дар хабарномае гуфтааст, ки корвони ҳомили кормандони чинии ширкати барқи Бандари Қосим ҳудуди соатии 11 шаб ба вақти маҳаллӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар бар асари он ду шаҳрванди чинӣ кушта шуданд. Чанд шаҳрванди Покистон ҳам дар ин ҳамла захмӣ шуданд.

Зиё Ҳасан, аз мақомҳои вилояти Синд дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии маҳаллӣ гуфт, ки хориҷиҳо дар ин ҳамла ҳадафи аслӣ буданд.

Ҳазорон коргари чинӣ дар Покистон ҳузур доранд ва дар тарҳҳои муштараки иқтисодӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Хабарномаи ҷониби Чин ин таркишро як "ҳамлаи террористӣ" хонд ва гуфт, ки Пекин ва Исломобод дар таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ мекунанд.

Ин сафоратхона ҳамчунин хостори таҳқиқи комил дар бораи ин ҳодиса ва муҷозоти касоне шуд, ки боиси кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандони чинӣ ва покистонӣ шуданд.

Хабарнома мегӯяд, ки "сафорат ва консулгарии Чин дар Покистон ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкум мекунанд ва ба хонаводаҳои қурбониёни бегуноҳи ҳар ду кишвар тасаллият мегӯянд".

Як мақоми додгоҳии Покистон ба расонаҳо гуфт, ки ба назар мерасад як мошини нафткаш дар саҳна таркида буд ва Покистон дар ҳоли таҳқиқи ҳодиса аст. Ӯ афзуд, ки афсарони пулис низ дар миёни захмиёни ин ҳодиса ҳастанд.