Тутбулоқ-Ширинтут, Қайрағоч- Қадамҷо. Номи чанд деҳа дар Хатлон тоҷикӣ шуд

Яке аз деҳаҳои навбунёд дар Хатлон

Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст, ки барои тағйир додани номи даҳҳо русто ва шаҳрак дар вилояти Хатлон иҷозат диҳад.  

Дар қарори ҳукумат, ки нусхаи он 6-уми октябр ба дасти Радиои Озодӣ расид, аксаран деҳаҳое тағйири ном кардаанд, ки то ин вақт номҳои туркӣ доштанд ё ба номи шахсиятҳо номгузорӣ шудаанд.

Деҳаи Маслуқ, Тутбулоқ, Туғул, Қайрағоч, Пасариқ, Бурбулоқ, Қизилбайрақ, Пахтаарал аз ҷумла деҳаҳое ҳастанд, ки номашон тоҷикӣ шудааст.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон номи минтақаҳо бо мувофиқаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон тағйир дода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод. Гуруҳе аз ин тасмим тарафдорӣ мекунанд ва мегӯянд, номи минтақаҳо дар кишвар бояд тоҷикӣ бошанд. Аммо мунтақидони ин кор бовар доранд, ки баъзе маконҳо бояд бо номи таърихии худашон зикр шаванд.