Хабаргузории расмии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон давоми як ҳафтаи гузашта - аз 29 сентябр то 5 октябр вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ё маконнигории сарҳади давлатии ду кишвар барпо шуд.
Ба навиштаи ин хабар, дар ин ҷаласа гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ ҳам иштирок карданд.
Дар хабар ҷузъиёти гуфтугӯҳо ваё пешрафте, ки дар музокираҳо ҳосил шудааст, ёд намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад ва кор ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома меёбад.
Тибқи охирин хабарҳои расмӣ, 94 дарсади хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, гуфтугӯҳо бар сари минтаҳои боқимонда идома дорад. Мушаххас нест, маконҳое, ки аниқ нашудаанд, дар кадом қисмати марз ҷойгиранд. Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъйини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз, зоҳиран аҳолинишин ҷараён дорад.
Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.