15 дақиқа додгоҳи Мамадшоева, ҳабси Шокирҷон Ҳакимов, парвандаи язгуломиҳо... Дар САҲА чӣ гуфтанд?

Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ва ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд

Дар идомаи ҷаласаи арзёбиҳои инсонии САҲА дар шаҳри Варшава, ки 30 сентябр шурӯъ  шуда то 11 октябр давом мекунад, гурӯҳи навбатии фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ин ҷаласаи солона ин навбат низ бидуни ҳузури ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҷараён дорад.

Улфатхоним Мамадшоева, Шокирҷон Ҳакимов, Чоршанбе Чоршанбиев...

Аслиддин Шерзамонов, як ҳомии ҳуқуқ ва намояндаи аққалияти помириҳо аз боздошту мурофиаҳои ноодилона ва хилоф бо меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон интиқод кард.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи САҲА дар Варшава оид ба арзёбиҳои инсонӣ рӯзи 5 октябр, ӯ аз қазияҳои Шокирҷон Ҳакимов ва инчунин фаъолони ВМКБ - Улфатхоним Мамадшоева ва Чоршанбе Чоршанбиев чун ҳолатҳои поймолкунии дағалонаи ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва муҳокимаҳои ноодилона ёд кард.

Ӯ гуфт, ҳабси Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро тозатарин намунаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар шароити боздоштгоҳ номид.

Шокирҷон Ҳакимов

Ҳакимов аз 12 июл дар боздошт аст, ҳабси ӯро ба парвандаи раиси пешини Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода рабт медиҳанд, вале ҳеҷ иттилои расмиву мушаххасе дар бораи ин қазия нашр намешавад.

Сарнавишти Улфатхоним Мамадшоеваро, ки ду сол пеш баъди эътирозҳо дар ВМКБ ба мӯҳлати тӯлонӣ ҳабс шуд, Шерзамонов як худсарӣ номид ва гуфт:

“Улфатхоним Мамадшоеваро аз хурдсолӣ мешиносам ва ҳукми содиршудаи ӯ – 15 дақиқа муҳокимаи додгоҳӣ ва 22 соли зиндон - ин камаш як амали ғайриинсонӣ ва дар асл - ҷиноят алайҳи башарият аст, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро поймол мекунад. Худатон як бор фикр кунед – 22 соли зиндон барои як шахси 67-сола баробар бо ҳукми ҳабси абад аст”.

Қаблан хешовандони Мамадшоева гуфтанд, ки ӯро ба 21 соли зиндон маҳкум кадаанд.

Аслиддин Шерзамонов (акс аз бойгонӣ)

Шерзамонов гуфт, варзишгари ҷавон Чоршанбе Чоршанбиев соли 2021 бо дасти хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Русия рабуда ва боздошт шуд ва дар паи шиканҷаҳои бераҳмона дар гузашта ва имрӯз ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шудааст.

Ӯ аз кишварҳои узви САҲА тақозо кард, ки аризаҳои барпо кардани тафтишоти мустақили байналмилалӣ аз рӯи шикоятҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ВМКБ ва баҳогузорӣ ба амалкарди нирӯҳои қудратӣ ба ҳангоми саркӯби эътирозҳо дар соли 2021-22-ро дастгирӣ кунанд ва мониторинг ё назорати доимии зиндонҳои Тоҷикистонро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таъмин кунанд.

“Муҳокимаҳои пӯшидаву бидуни адвокат ва хешутабор меъёр шудааст”

Рӯзи 5 октябр дар ҷаласаи САҲА инчунин Илҳомҷон Ёқубов, раиси Маркази ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз набуди низоми мустақили додгоҳӣ дар ин кишвар интиқод кард. Ӯ гуфт, ки фишору саркӯби мунаққидони сиёсӣ пайваста давом мекунанд.

Вакилони дифое, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаъолону мунаққидони ҳукумат омодагӣ нишон медиҳанд, бо таҳдид ва дар ниҳоят ҳабс рӯбарӯ мешаванд, гуфт Ёқубов.

Бузургмеҳр Ёров

“Намунаи он Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёров мебошанд, ки соли 2016 ба 28 соли зиндон ва соли гузашта боз ба даҳ соли иловагӣ маҳкум карданд. Ӯ (Ёров)-ро барои ҳимоят аз мухолифони тоҷик ҷазо доданд”, гуфт Ёқубов. Ӯ афзуд, ки набуди адвокат дар мурофиаи додгоҳӣ ва тарс додани аъзои оила ба як меъёр табдил шудааст.

“Мурофиаҳо аз рӯи парвандаҳои сиёсӣ пушти дарҳои баста бе иштироки хешовандону намояндагони ҷомеа баргузор мешаванд, гуфт. – Агар ҳам хешовандонро ба мурофиа роҳ доданд, онҳо метарсанд, ки дар бораи ин муҳокимаҳо ба дигарон нақл кунанд, чун аз таъқиб метарсанд”.

Тоҷикистон мубориза ба тероризм ва ифротгароиро алайҳи мухолифини худ истифода мекунад

Мубориза бо терроризм дар кишварҳои узви САҲА яке аз мавзуъҳое буд, ки дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе дар Варшава баррасӣ шуд. Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломӣ зимни суханронияш рӯзи 3-уми октябр гуфт, «бархе кишварҳои узви САҲА аз мубориза бо терроризм барои саркӯб кардани мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода мекунанд».

Муҳиддин Кабирӣ

Ӯ гуфт: «Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон садҳо нафар аз мухолифон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва шаҳрвандони оддиро бо иттиҳоми сохтаи марбут ба терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҳизби моро зиндонӣ карданд. Дар ҳоле, ки сабабҳои асосии пайдоиш ва густариши ифротгароӣ, аз қабили бекорӣ, фасод, идораи оилавии кишвар ва набудани озодиҳо то ҳол ҳалношуда боқӣ мондаанд».

Муҳиддин Кабирӣ ба унвони мисол ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав, Истанбул, шаҳрҳои Шероз ва Кирмони Эрон ва Афғонистонро зикр кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар содир намудани ҳамлаҳои террористӣ гумонбар мешаванд.

Кабирӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба беамалӣ ва бепарвоӣ айбдор кард, ки хомӯшии онҳо боиси идомаи як ҳукумати худкомаи 30-солаи як оила шудааст ва фишори давомдор ба мухолифин, рӯзноманигорон ва рӯшанфикрон сабаби аслии ҷалби ҷавонон ва муҳоҷирони тоҷик ҳамчун захираи инсонӣ барои гуруҳҳои террористӣ гардидааст.
Кабирӣ гуфт, вақти он расидааст, ки механизми Маскави САҲА оид ба рӯйдодҳои фоҷиабори ВМКБ роҳандозӣ шавад.

Муаззама Қодирова

Аз фаъолони дигар тоҷик ҳуқуқшинос Муаззама Қодирова низ дар ин ҷаласа суханронӣ кард ва гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба истифода аз номи терроризм ва мубориза бо тундгароӣ на танҳо мухолифини худ, инчунин фаъолони ҷомеаро аз кишварҳои хориҷӣ боздошту истирдод ва муҷозот мекунад. Вай гуфт, «мақомоти Тоҷикистон мухолифин ва фаъолони маданиро аз роҳи таъқибу боздошти наздиконашон фишор меоранд. Аз ҷумла Шавкати Муҳаммад ва Алим Шерзамонов дучори чунин фишорҳо шудаанд», гуфт Қодирова.

Боздошти 30 сокини Язгулом

Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим) ба ҳайси намояндаи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ дар Аврупо дар нишасти САҲА таваҷуҳи ширкатдоронро ба таъқибу боздошти сокинони водии Язгулом ҷалб намуд ва гуфт, беш аз 30 нафар бо иттиҳоми сохта боздошт шуданд ва сарнавишти онҳо то ҳол номаълум аст.

Мирзораҳим Кузов

«Ҳама парвандаҳо таҳти муҳри махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Мурофиа дар боздоштгоҳҳои мувақатӣ бидуни дастрасии мардум сурат мегирад, ки ин ба мақомоти тафтишотӣ имкони бемаҳдуди истифодаи шиканҷа алайҳи боздоштшудагонро фароҳам меорад», гуфт Кузов.

Моҳи август Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, силсилаи боздоштҳоро дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро тасдиқ кард ва гуфт, ин нафарон барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир шуданд.

Намояндаи созмони «Гуруҳи 24» Хурсанд Наҷмиддинов бо нигаронӣ гуфт, дуздиву истирдоди ғайриқонунии ду фаъоли сиёсӣ - Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроб Зафар собит мекунанд, ки режими Раҳмон қонунҳои дохиливу байналмилалиро нодида мегирад. Ин ду фаъол оғози соли ҷорӣ дар Туркия ногаҳон нопадид шуданд ва хешовандон ҳам аз будубоши онҳо ҳеҷ дараке надоштанд, то замоне, ки тобистон додситони кулл Юсуф Раҳмон тасдиқ кард, ки онҳо воқеан ҳам дар боздошт ва мавриди тафтиш қарор доранд.

Сӯҳроби Зафар

«Ман пешниҳод мекунам, ки агар ин системаҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд, тамоми талаботи САҲА-ро нодида гиранд, оинномаи созмонро риоя накунанд ва ба одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон машғул шаванд, вақти он нарасидааст, ки САҲА навҳаи муносибат ба ин кишварҳоро иваз кунад», мегӯяд Хурсанд Наҷмиддинов.

Ҷаласаи Варшава барои арзёбии мавқеъ ва назари гурӯҳҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ аз саросари ҷаҳон барпо мешавад. Дар баробари ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо, дар кори он мухолифон, хабарнигорон, блогерҳо ва фаъолони ҷудогона ҳақ доранд иштирок ва ибрози назар кунанд. Маҳз ҳамин меъёри ҳатмии кори ҷаласа мавриди норизоияти асосии ҳукумати Тоҷикистон шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нишасти Варшава: Ҳукумати Тоҷикистонро боз танқид кардандБаҳси фишор ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲАШарофиддин Гадоев хостори гуфтугӯ бо ҳукумати Раҳмон шудАз сиёсат ба амният. Раиси САҲА дар Тоҷикистон чӣ гуфт ва чӣ шунид?