Ҷузъиёти нав дар қазияи "Крокус". Таҳқиқи парванда тамдид шуд

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми март рӯй дод

Таҳқиқи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав, ки мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои он чанд зодаи Тоҷикистонро муттаҳам медонанд, то 22-юми декабри имсол тамдид шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои давлатии Русия, дар ҷараёни таҳқиқ гуё маълум шудааст, ки баъзе аз гумонбарон мехостанд, дар баробари ҳодисаи "Крокус" як амали террористии дигар анҷом диҳанд. Санҷидани дурустии ин иттиҳом имкон надорад, чун мақомоти Русия аз аввал парвандаро паси дарҳои баста баррасӣ мекунанд ва шаффофияту дурустии он зери суол аст.

Хабаргузории “РИА Новости" бо такя ба манбаъҳояш дар ниҳодҳои тафтишотии Русия навишт, ки муфаттишон умед доранд, корро то замони таъйиншуда ба поён мерасонанд.

“ТАСС" бо такя ба маводе, ки дар парванда ворид шудааст, рӯзи 3-юми октябр навишт, “се гумонбари қазияро дар омодагӣ ба ҳамлаи дигари террористӣ гумонбар эълон кардаанд”. Дар санадҳо гуфта шудааст, ки гуё ин гумонбарон бо истифода аз бомбаи худсохт мехостанд таркиши дигареро анҷом диҳанд. Се гумонбар, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, дар таҳияи маводи тарканда гумонбар мешаванд.

Дар ҷузъиёти дигар аз парванда гуфта мешавад, ки панҷ гумонбари ҳамла ба “Крокус”, ки аз Доғистон ба Маскав бурда шуданд, узви шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ мебошанд.

Аз миёни онҳо, ба навиштаи манбаъ, Шаҳромҷон Гадоев, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев, Ҳусейн Ҳамидов ва Зубайдулло Исмоилов бо тамдиди муҳлати боздошташон мухолифат накардаанд.

Танҳо вакили дифои Исмоилов гуфтааст, ки зерҳимояи ӯ иттиҳомро беасос медонад ва даст доштанашро дар ҷиноятҳо бедалел ва собитнашуда номидааст.

Ба навиштаи расонаҳои расмии Русия, парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар умум аз рӯи шаш банди Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад:

  • “ширкат дар созмони мамнӯи террористӣ”,
  • “гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон”,
  • “омодагӣ ба амали террористӣ”,
  • “таҳияи маводи тарканда бо иштироки гурӯҳи муташаккил”,
  • “мусоидат ба амали террористӣ”,
  • “омӯзиш бо ҳадафи содир кардани амали террористӣ”.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми март рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони содир кардани ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст. Як далеле, ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёд мекунанд, ин иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангине мебошад, ки тиқби меъёрҳои байнулмилалӣ наметавонад чун далел истифода шавад. Баъзе аз гумонзадҳо низ худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.

Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест. Волидони бархе аз онҳо ба матубот шикоят кардаанд, ки дар бораи дастрасии фарзандонашон ба вакили дифоъ хабар надоранд ва ним сол боз аз имкони дидани фарзандон маҳруманд.