Тоҷикистон аз ҳамла ба қароргоҳи дипломатии Аморот нигаронӣ кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи ҳавоӣ ба қароргоҳи намояндаги дипломатии Амороти Муттаҳидаи Араб дар пойтахти Судон нигаронӣ кардааст.

Вазорат 1-уми октябр дар изҳороте гуфт, биноҳои намояндагии дипломатӣ бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ дахлнопазир ҳастанд ва ин меъёр бояд қатъан риоя шавад.

Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб шоми 30-юми сентябр хабар дод, ки неруҳои ҳавоии Судон ба қароргоҳи намояндаги дипломатии ин кишвар дар шаҳри Хартум ҳамла кардаанд. Мақомоти Аморот дар робита ба ин ҳодиса ба Лигаи давлатҳои араб, Иттиҳоди Африқо ва Созмони Милал нотаи эътирозӣ фиристод.