Маҳви раҳбарони Ҳизбуллоҳ дар Лубнон. Кӣ ҷойи онҳоро мегирад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наим Қосим, муовини раиси Ҳизбуллоҳ, як созмони тундрави таҳти ҳимояти Эрон ва як ҳизби сиёсӣ, ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, гуфт, ки раиси нави созмонро ба зудӣ интихоб мекунанд. Ҳасан Насруллоҳ раиси пешини Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки ИМА онро созмони террористӣ меномад, рӯзи ҷумъа кушта шуд.