Эътирозҳо ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ дар Карочӣ ба хушунат печид

Шаҳри Карочӣ, Покистон. 29 сентябр, 2024.

Эътирозҳо дар пайванд ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар шуморе аз шаҳрҳои Покистон ба хушунат печид. Дар даргирӣ бо маъмурони интизомӣ, ҳади ақал 10 эътирозгар захмӣ бардоштанд. 17 корманди пулис ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамлаи Исроил ба ҷануби Бейрут дар рузи 27-уми сентябр Ҳасан Насруллоҳ ба ҳалокат расид. Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро як гурӯҳи террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо ҳам бахши низомии ин гурӯҳоро дар феҳристи сиёҳаш қарор додааст. Бахши сиёсии "Ҳизбуллоҳ" чанд намоянда дар порлумони Лубнон дорад.

Рӯзи якшанбе дар Карочии Покистон, "Маҷлиси ваҳдати муслимин", эътилофи гурӯҳҳои шиаи тарафдори Эрон, дар вокуниш ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ тазоҳурот карданд.

Тазоҳурот пас аз он ба хушунат кашида шуд, ки мардум мехостанд ба муқобили Консулгарии Амрико бираванд, аммо пулис ва нерӯҳои интизомии дигар Покистон пеши роҳи онҳоро гирифтанд.