Мақомот мегӯянд, дар доираи барномаи “хона ба хона" кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва вакилони маҳаллиро барои суҳбат ба назди мардум мефиристанд. Ҳангоми ворид шудан ба ҳар манзил онҳо акс мегиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. То моҳи августи соли 2024 ин гурӯҳҳо ба 621 ҳазор хона сар зада, суҳбат гузаронидаанд. Суҳбатҳо асосан дар бораи пӯшидани либоси миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба артиш будааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, ин усул ба мақсади пешгирӣ аз афзоиши хуруфотпарастӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Ӯ гуфт, ки бо ин роҳ оилаҳои осебпазирро пайдо мекунанд.
Давлаталӣ Саид гуфт, гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои мамнуъ ва хурофотпарастӣ дар вилоят зиёд аст ва ин масъала онҳоро нигарон кардааст.
Гуландом, як сокини Кӯлоб мегӯяд, намояндагони мақомот ба манзили ӯ омада пурсиданд, ки оё ягон хешовандаш дар Русия ҳаст ё не. “Гуфтанд, ки ба ҳар гурӯҳҳо бовар накунанд, эҳтиёт бошанд.”
Мунтақидон мегӯянд, ки ин як василаи дахолат ба ҳарими хусусии сокинон аст. Аммо мақомот бовар доранд, ки бо ин роҳ пеши роҳи ифротишавии ҷавононро мегиранд.
Мақомот ҳадди ақал баъди соли 2015 аз усули ба гуфтаашон "хона ба хона" истифода мекунанд. Масъулин бовар доранд, ки бо ин роҳ аз мушкилоти мардум огоҳ мешаванд. Аммо ҷомеашиносон мегӯянд, чунин сӯҳбатҳо наметавонанд, мушкилоти хонаводаҳоро аз байн баранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад