Мақомоти исроилӣ гуфтанд, чанд анбори мушак ва лавозимоти ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро нобуд карданд. Дертар низомиёни Исроил аз кушта шудани Набил Каук, як фармондеҳи баландпояи “Ҳизбуллоҳ” хабар доданд. “Гааретс” менависад, ӯ масъули амнияти дохилии ин гуруҳи тундрав буд.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст. Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари ин гуруҳи ҷангҷӯ буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт.
Бо вуҷуди ҳамлаҳои артиши Исроил, субҳи 29-уми сентябр аз хоки Лубнон ба сӯи шаҳрҳои Исроил дастикам ҳашт мушак партоб шуд. Ин мушакҳо ба маконҳои беодам афтидаанд. Артиши Исроил аз нобуд кардани як ҳавопаймои бесарнишин хабар дод, ки аз Баҳри Сурх партоб шудааст.
Мақомдорони амрикоӣ дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфтаанд, Исроил артишашро ба минтақаҳои ҳаммарз бо Лубнон мефиристад. Манобеи телевизиони ABC гуфтаанд, низомиёни исроилӣ эҳтимол баъзе амалиётҳоро дар минтақаи марзӣ бо Лубнон шуруъ кардаанд.
Даргирӣ миёни Исроил ва ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ" ду ҳафтаи ахир шиддат гирифтааст. Артиши Исроил дар ҳамлаҳои ҳавоӣ чеҳраҳои баландпояи ин гуруҳ, аз ҷумла Ҳасан Насруллоз, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-ро кушт.