Вазорати дифои Русия мегӯяд, субҳи якшанбеи 29-уми сентябр паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чандин минтақаи ин кишвар ҳамла кардаанд. Ин ниҳод дар хабарномае навишт, низоми дифои зиддиҳавоӣ 125 дронро бар фарози Волгоград, Белгород, Воронеж, Ростови лаби Дон, Курск ва Брянск нобуд кард.
Вячеслав Гладков, волии вилояти Белгород эълон кард, ки шабонарӯзи ахир дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида, ҳашт тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ҳамчунин боиси сар задани сӯхтор дар шаҳри Воронеж ва атрофи он шудааст. Мақомот дар бораи зарардидагон хабар надодаанд.
Вениам Кондратев, волии Краснодар дар телеграм-канали худ навиштааст, дрон ба дарахте бархӯрда, боиси осеб дидани манзили истиқоматӣ шуд.
Телеграм канали Astra дар такя ба сокинони маҳаллӣ аз таркиш дар ноҳияи Ейск хабар додааст. Дар ин ноҳия қисми ҳарбӣ ва фурудгоҳи низомӣ ҷойгир аст. Мақомоти маҳаллӣ хабарро расман тасдиқ накардаанд.