Тамрини низомии СПАД, созмони низомии зери нуфузи Русия рӯзи 26-уми сентябр дар наздикии шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз шуд. Дар ин размоиш низомиёни Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат доранд.
Дар рӯзи аввали оғози ин тамринҳои низомӣ, Арарат Мирзоян, вазири корҳои хориҷии Арманистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии СПАД дар Ню-Йорк ширкат накард.
Аз моҳи октябри соли 2023, ин сеюмин тамрини низомии СПАД мебошад, ки неруҳои Арманистон аз ширкат дар он даст мекашанд. Ин кор дар пайи низоъи Қаробоғи Куҳӣ ва сард шудани равобити Ереван ва Маскав иттифоқ афтод.
Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.
Рӯзи 2-юми сентябр Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон эълон кард, ки кишвараш узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) боз доштааст.