Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як навор гуфт, шабона дар пайи як рейд ё санҷиш дар марказҳои дилхушии шаҳри Ҳисор, ҳудуди 100 зан боздошт шуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, маълум гардидааст, ки баъзе аз ин занҳо ба амалҳои шаҳвонӣ машғул шуда, марказҳои дилхуширо ба макони ҷалби муштарӣ табдида додаанд.
Назари ин занҳо ба ин иттиҳом маълум нест.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ, ин афрод аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуданд. Вале ВКД натиҷаи ташхисро шарҳ надодааст.
Вазорат танҳо гуфтааст, ки бо ин афрод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, минбаъд низ дар дигар марказҳои дилхушӣ чунин рейдҳоро анҷом хоҳанд дод.
Қаблан низ мақомоти корҳои дохилӣ чунин санҷишҳоро дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар доир карда, даҳҳо занро ба идораҳои пулис ҳозир намуда буданд.