Шурӯъ аз 22-юми сентябр "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман ҷорӣ гардид, вале масъулони "Барқи тоҷик" шарҳ надоданд, ки мардумро дар шабонарӯз чанд соат бо барқ таъмин хоҳанд кард ё дар бораи реҷаи маҳдудияти барқ чизи дақиқе нагуфтанд.
Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқод аз маҳдудияти барқ гуфтанд, шабонарӯз ҳудуди 15 то 17 соат барқашонро қатъ мекунанд.
Корбаре бо номи Фарзона Киронбековна дар "Фейсбук" навиштааст, ки аз соати 8:30 то 18-и бегоҳ ва аз 22-и шаб то 6-и субҳ барқ надоранд. "Барқ нест, каме инсоф кунед, одамон ба кор ва кӯдакон барвақт ба мактаб мераванд. Як корашонро кунанд охир",-таъкид намудааст, ӯ.
Далер Холов, корбари дигаре навиштааст, ки дар Панҷакент ҳар вақте хостанд барқро хомуш мекунанд.
Бархе сокинон аз он нигаронӣ намудаанд, ки қатъи нерӯи барқ ба кору тиҷорат таъсир мегузорад ва афроде дар посух ба нигарониҳо гуфтаанд, шукрона кунед, ки дар тинҷиву оромӣ ба сар мебаред.
Масъулони "Барқи Тоҷик" мушкилро ба камбуди об ва афзоиши аҳолӣ рабт дода, аз сокинон хостаанд, "ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд."
Таъмини аҳолӣ бо барқ аз мушкилҳоест, ки дар бештар аз сӣ соли охир бо вуҷуди бунёди баъзе нерӯгоҳҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.